Сокини Турсунзода барои ғорат кардани "Айфон 13 Промакс" боздошт шуд
Орзӯи соҳиби телефони “Айфон - 13” шудан пойи як сокини шаҳри Турсунзодаро ба зиндон кашид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, марди 44-сола барои аз худ кардани телефони гаронарзиши "Айфон-13 Промакс" ба як зан ҳамла кардааст. Ҳодиса рӯзи 5-уми август рух додааст. Мард соҳиби Айфонро латукӯб намуда, телефонашро ғорат кардааст. Ҳоло ӯ дар боздошт аст ва таҳқиқи қазия шурӯъ шудааст. Зарари расонидаи ӯ 16 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст. Навъи нави “Айфон” ки нархаш барои аксарият дар Тоҷикистон дастнорас аст? Читать дальше...