Мақомоти расмӣ дар Эрон мегӯянд, заминларзаи қавӣ шаби гузашта ин кишварро такон дода ва сабаби талафот дар байни мардум шудааст.
Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 2-уми июн гузориш дод, ки дар натиҷаи заминларзаи 6.3 дараҷаӣ дар вилояти Ҳурмузгон дар ҷануби шаҳри Теҳрон камаш 5 нафар кушта ва 44 тани дигари захмӣ шудаанд. Зилзила бомдод рух дода ва хонаҳои мардуми рустои Саёҳхушро вайрон кардааст.
Ҳоло маълум нест, талафот дар кадом маҳалли кишвар будааст. Эрон дар яке аз гӯшаҳои зилзилахези курраи Замин ҷойгир аст. Читать дальше...