1314 шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Полша ва Молдова паноҳ бурдаанд
То рӯзи 4-уми март 1314 шаҳрванди Тоҷикистон хоки Украинаро тарк кардаанд. Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Киев, рӯзи 5-уми март гуфт, "1176 нафар ба Лаҳистон ва 138 кас ба Молдова интиқол дода шуданд."