Ермек Наримбой, блогер ва фаъоли сиёсӣ, ки соли 2016 Қазоқистонро тарк карда буд, ҳангоми бозгашт, рӯзи 6-уми феврал, дар фурудгоҳи шаҳри Алмато боздошт шуд.
Охири моҳи январ Наримбой дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки ба ватан бармегардад, чун ба "гуфтугӯи ҳукумат ва ҷомеа бовар дорад".
Дар пахши мустақим аз Киев, қабл аз парвоз, ӯ гуфт, ки эҳтимол боздошт шавад.
Ин блогери 51-сола гуфт, ки боздошти ӯ ба ҳукумати Қазоқистон обрӯ намеорад.
Ӯро соли 2015 барои барангехтани адовати миллӣ ба се соли зиндон маҳкум карда буданд. Читать дальше...