Доналд Трамп сироятшиноси калони кишварро "аҳмақ" номид
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ба мутахассиси баландмақоми ҳукуматаш Энтонӣ Фаучӣ дарафтода, ӯро «аҳмақ» номид. Ӯ рузи 19-уми октябр гуфт, раиси Маркази мубориза бо бемориҳои сироятӣ дар Амрико тавсияҳои нодурусте барои муқобила бо пандемияи коронавирус додааст. Ӯ гуфт: “Амрикоиҳо аз шунидани Фаучӣ ва ҳамаи ин аҳмақҳо ва аҳмақҳое, ки нодуруст мефаҳманд, хаста шудаанд.” Доналд Трамп дар ин бора ҳангоми суҳбати телефонӣ бо аъзои ситоди интихоботиаш сухан гуфта ва Энтонӣ Фаучиро “як мусибат” номидааст. Читать дальше...