Раиси "Ота Макон" Омурбек Текебоев дубора вакили порлумони Қирғизистон шуд
Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон 15 октябр салоҳиятҳои вакили порлумони ин кишвар аз ҷиноҳи ҳизби "Ота Макон" Содиқ Шерниёзро пеш аз муҳлат бекор карда, мандати вакилиро ба Омурбек Текебоев дод. Бино ба хабарҳо, Содиқ Шерниёз аз мандати вакилии худ ба нафъи Текебоев даст кашидааст. Текебоев дар шарҳи истеъфои президенти ҳамакнун пешини Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, ӯ бояд баъди баргузории интихоботи порлумонии такрорӣ аз мақомаш канор мерафт. "Дар давраи интихобот ниҳоди қонуние лозим аст, ки ҳама онро эътироф кунад. Читать дальше...