Аз вазирӣ ба вакилӣ. Порлумон барои мансабдорон чӣ ҷоест?
Ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Рустам Шоҳмурод, Вазири адлияи кишварро ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон пешниҳод кард. Рустам Шоҳмурод, ки аз моҳи январи соли 2012 Вазири адлияи Тоҷикистон аст, ба гуфтаи коршиносон, бо эҳтимоли зиёд аз мақомаш канор меравад. Аз мансабҳои калидӣ дар ҳукумат канор рафтан ва узви порлумон шудан дар Тоҷикистон таҷрибаи нав нест. Аз ин рӯ, коршиносон пешниҳоди номзадии Рустам Шоҳмуродро канор рафтан аз мансаби вазирӣ медонанд. Читать дальше...