Хоҳари Бузургмеҳр Ёров пас аз се соли паноҳҷӯӣ аз Олмон ба Тоҷикистон баргашт
Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонии тоҷик шоми 14-уми декабр бо шавҳар ва шаш фарзандаш аз Олмон ба Тоҷикистон парвоз кард. Ӯ се соли пеш аз ин кишвари аврупоӣ дархости паноҳандагӣ карда буд. Қаблан, Ёроваи 38 сола иддао карда буд, ки дар Тоҷикистон барои фаъолиятҳои сиёсӣ нисбаташ бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне ифротгароӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Ӯ аз фурудгоҳи Фаранкфурти Олмон қабл аз парвоз ба Душанбе гуфт, “аз ғарибӣ хаста шудааст ва мехоҳад назди модари бемораш баргардад”. Читать дальше...