Баҳси минтақавии филму филмсозӣ дар пойтахти Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе коргардонҳо ва филмсозон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷамъ омаданд ва аз мушкилоту дастовардҳояшон суҳбат карданд. Дар як мизи гирд дар охири ҳафтаи гузашта мутахассисон ва коргардонҳо аз Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон ширкат карданд. Шарофат Арабова, мунаққиди тоҷик дар ин нишаст гуфт, мутахассисон ҳоло нигарони ояндаи синамову филмсозӣ ҳастанд. Ӯ, ки дар таҳияи чандин филм ширкат кардааст, гуфт: “Мушкилот аз таҳияи намоишномаи филм шурӯъ шуда, то пахши он дар кинотеатрҳо идома меёбад. Читать дальше...