Мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо Малайзия ба Куала-Лумпур расид
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев шаби чоршанбеи 6-уми ноябр барои баргузор кардани бозии дӯстона бо мунтахаби Малайзия бо ҳавопаймо тавассути Дубай ба Куала-Лумпур расид. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Малайзия ва Тоҷикистон дар доираи омодагии футболбозони тоҷик ба бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 рӯзи шанбеи 9-уми ноябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур соати 17:45 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад. Читать дальше...