HRW: Туркманистон бояд Қосимбердӣ Гараевро фавран озод кунад
Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch аз мақомоти Туркманистон талаб кард, ки макони будубоши Қосимбердӣ Гараевро ошкор ва агар ӯро боздошт кардаанд, фавран озод намоянд. Изҳороти Human Rights Watch дар ҳоле садо медиҳад, ки Гараев чанде пеш ба идораи пулис дар шаҳри Ишқобод даъват ва баъди он нопадид шуд. Гараев гуфта буд, ки намояндаи ақалияти ҷинсӣ аст. "Мо нигаронем, ки Гараевро танҳо ба хотири он боздошт кардаанд, ки вай эълом кард, ҳамҷинсгаро аст",-омадааст дар изҳороти созмон. Читать дальше...