Марк Эспер, вазири дифои Ийолоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи ҷумъа гуфт, ки ИМА аз кӯмак ба низомиёни курд, ки дар шимоли Сурия ҷойгиранд, даст намекашад ва ҳамкориро бо онҳо идома медиҳад.
“Мо курдҳоро ба ҳоли худ нагузоштаем. Ҳеҷ кас ба Туркия барои ин амалиёт чароғи сабз нишон надодааст”,--гуфт Марк Эспер зимни як нишасти матбуотӣ.
Чанд рӯзи ахир дар ҷомеаи Амрико Доналд Трамп, президенти кишварро барои берун кардани як гурӯҳ низомиёни амрикоӣ аз марзи Туркия дар Сурия, ки ба ҳарбиёни курд кӯмак мекарданд, танқид мекунанд. Читать дальше...