Натоиҷи бозиҳои даври понздаҳуми лигаи олии футболи Тоҷикистон
Даври понздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ шоми чоршанбеи 18-уми сентябр ба поён расид. Аз чаҳор бозӣ дар дутоаш мизбонон ва дар яктоаш меҳмонон пирӯз шуданд, як дидор бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт. Дар бозии марказии даври понздаҳум "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ "Кӯктош"-и Рӯдакиро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Зимнан, дар ин бозӣ "Кӯктош" бо раҳбарии сармураббии нави даста Ҳикматулло Шарипов, ки дар ин вазифа Раҳматулло Фузайловро иваз намуд, ба майдон омад. Читать дальше...