Қарор аст, Умар Башир, раиси ҷумҳури барканоршудаи Судон ҳафтаи оянда барои эълони иттиҳоми фасодкорӣ ва нигаҳдории ғайриқонунии асъори хориҷӣ ба додгоҳ ҳозир шавад. Дар ин бора додситонии Судон рӯзи 15-уми июн хабар дод. Ду моҳ пештар аз ин баъд аз тазоҳуроти азими мардумӣ, низомиёни Судон Умар Баширро аз мақомаш барканор карданд.
Ӯ, ки раҳбари худкомае буд, муддати тӯлонӣ дар Судон ҳукумат кардааст. Волид Аҳмад, додситони кулл дар бораи эълони иттиҳом суҳбат кард, вале нагуфт, ки Умар Башир кадом рӯз ба додгоҳ меоранд. Читать дальше...