Гулбарг аз саҳнаи театри Полша саргузаштҳои худро мегӯяд
Шоми 7 июн дар саҳнаи Zygmunt Hübner Powszechny – як театри Варшава нахустнамоише бо номи «Бонувони паноҳанда» ба саҳна гузошта шуд, ки дар он занҳои муҳоҷир қиссаҳои худро баён мекунанд. Коргардони ин намоишнома Катарина Сингиера мегӯяд, чор зани муҳоҷир аз Тоҷикистон, Ироқ, Доғистону Чеченистон ва ҳамчунин ҳунарпешаҳои Полша аз саргузаштҳои талхи худ қисса мекунанд. Дар нақши паноҳандаи тоҷик – зане аз Тоҷикистон бо номи Гулбарг Сайфова, модари чор фарзанд аст, ки бо далелҳои сиёсӣ тарки кишвар карда дар Полша муқимӣ шудааст. Читать дальше...