Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, рӯзи 29-уми март ҷоизаи сулҳро ба подшоҳи Урдун Малик Абдуллои дувум тақдим кард ва аз аврупоиҳо хост, ки мавзӯи муҳоҷиронро аз дидгоҳи ӯ бубинанд.
Меркел, ки дар шаҳри Ассисии Итолиё суҳбат мекард, гуфт, Урдун дар ҷараёни буҳрони муҳоҷирон на танҳо фаластиниҳо, балки беш аз 670 ҳазор муҳоҷири Сурияро қабул кардааст.
Садри аъзами Олмон гуфт, агар масоҳату тавоноии Урдунро бо Олмону Итолиё муқоиса кунанд, дар он сурат Олмон бояд 5,7 миллион ва Итолиё бояд 4 миллион муҳоҷирро мепазируфтанд. Читать дальше...