Марги шубҳабарангези сарбози 20-сола дар Роғун. ВИДЕО
Дар ноҳияи Деваштич Илҳомҷон Худойбердиев, як сарбози вазорати мудофиаи Тоҷикистонро дафн карданд, ки дар воҳиди низомиаш дар ноҳияи Роғун ба ҳалокат расидааст. Ҷасади сарбози 20-соларо рӯзи 16-уми феврал дар зодгоҳаш деҳаи Работи ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) ба хок супурданд. Бародараш Муродҷон Худойбердиев ба Радиои Озодӣ гуфт, сабабҳои марги Илҳомҷон ҳоло маълум нест. Дар видеое, ки як сокини деҳа ба Радиои Озодӣ фиристод, бурдани тобуте дида мешавад, ки ба гуфтаи ҳамин сокин тобути сарбози ҷавонмарг аст. Читать дальше...