Бино ба гузоришҳо, Виктор Янукович, раиси ҷумҳури собиқи Украина ҳангоми бозии теннис, зону ва камарашро ба ҳадде маҷруҳ кардааст, ки қудрати ҳаракат надорад.
Олександр Хорошинский, яке аз вакилони дифои Виктор Янукович, рӯзи 18-уми ноябр гуфт, ки Виктор Януковичро рӯзи 16-уми ноябр барои муолиҷа ба шифохона бурдаанд ва мумкин аст, ӯ дар мурофиаи додгоҳиаш сухани ниҳоиро гуфта натавонад.
Мурофиаи додгоҳии Виктор Янукович, ки ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешавад, рӯзи 19-уми ноябр ва дар ғайбаш дар шаҳри Киев сурат мегирад. Читать дальше...