Exxon Mobil кормандони амрикоии худро аз Ироқ берун кард
Бино ба гузоришҳо, ширкати бузурги нафти Exxon Mobil панҷоҳ корманди амрикоии худро аз Ироқ берун кардааст. Ин иқдом дар пасманзари танишҳои афзоянда миёни Амрикову Эрон ва бо "нигаронӣ аз низои ҳарбии билқувва" сурат мегирад.
Вашингтон бо ишора ба таҳдидҳои эҳтимолӣ аз сӯи Эрон ба афзоиши дороиҳои ҳарбии Амрико дар Ховари Миёна ва Халиҷи Форс дастур додааст. Вазорати умури хориҷии ин кишвар ҳам хостааст, он кормандони сафорати Амрико дар Бағдод, ки ҳузурашон дар сафорат ҳатмӣ нест, Ироқро тарк кунанд.
Ширкати Exxon Mobil хабар дод, ки берунории кормандонаш рӯзи 18-уми май аз вилояти ҷанубии Басра оғоз ёфт.
Эҳсон Абдуҷаббор, раиси ширкати давлатии Нафти Ҷануб гуфт, хуруҷи кормандони амрикоӣ “иқдоми пешгирона ва муваққат” аст. Вай афзуд, кор дар майдонҳои нафте, ки Exxon Mobil идора мекунад, бо ёрии муҳанидисони ироқӣ ба таври маъмулӣ идома хоҳад ёфт.
Эрон иддаои Вашингтонро дар бораи “таҳдидҳои қарибулвуқӯъ аз сӯи Теҳрон” рад карда ва, баръакс, Амрикоро ба “афзоиши ғайриқобили қабули танишҳо” айбдор намудааст.
Танишҳо баъди он афзоиш ёфт, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, моҳи майи соли 2015 кишварашро аз созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳон бо Эрон берун кард ва дубора алайҳи ин кишвар таҳрим ҷорӣ намуд.
Вале ду тараф гуфтаанд, ки ҷангро намехоҳанд.