Ширкати 8 даста дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон
Бо қарори бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 6-уми апрел оғоз меёбад.
Ба иттилои ФФТ дар мавсими нав дар мусобиқоти лигаи олӣ, ки имсол барои бори 28-ум доир мегардад, монанди соли гузашта ҳашт даста ширкат меварзад.
Инҳо дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), ССКА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), инчунин «Истаравшан» (Истаравшан) мебошад, ки соли гузашта дар мусобиқоти лигаи аввал ғолиб шуда, ба лигаи олӣ баргашт.
Мусобиқоти имсола низ аз се давра иборат аст. Ҳар як даста 21 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки аз рӯи натиҷагирии мавсим ҷойи охиринро мегирад, лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки ҷойи ҳафтумро ишғол мекунад, дар охири мавсим барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал мубориза мебарад.
Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) рӯзҳои наздиктарин қуръакашии тақвими бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии кишварро доир хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, мусобиқоти соли гузашта бо пирӯзии дастаи "Истиқлол" анҷом ёфта буд. Футболбозони Душанбе барои бори ҳафтум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Дастаи “Хуҷанд”, ки ҷойи дувумро касб намуд, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Кӯктош” гардид.
Мувофиқи анъана пеш аз оғози мусобиқоти қаҳрамонии кишвар бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон баргузор мешавад. Бозии имсола рӯзи 29-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад.
Дар бозӣ барои Ҷоми олӣ, ки имсол барои бори даҳум сурат мегирад, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 ва тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар, мубориза мебаранд.
Соли гузашта дастаи «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозӣ барои Суперҷом, ки 2-юми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда буд, бар тими «Хуҷанд», барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017, бо ҳисоби 3:2 (замони асосӣ – 2:2) ғолиб омад.