Пулиси Ишқобод ҳуҷҷати ронандагии занҳоро мегирад
Аз пойтахти Туркманистон шаҳри Ишқобод хабарҳо дастрас мешавад, ки ходимони полиси роҳ ронандаҳои занро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
Пулис бо ҳар баҳонае ҳуҷҷати ронандагии занҳоро мегирад, гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ аз шаҳри Ишқбодод. Дар матлабе аз рӯзи 19 феврал гуфта мешавад, ки кормандони пулис сабаби гирифтани ҳуҷҷатҳои ронандагии занҳоро шарҳ намедиҳанд, танҳо ишора мекунанд, ки фармон аз болост. "Мо дастур гирифтаем, ки дар кӯчаҳои протоколӣ бояд занҳо мошин наронанд", - гуфт як корманди пулис.
Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, рӯзи 18 феврал дар хиёбони Истиқлоли Ишқобод наздики 20 мошинро, ки ронандаҳояшон занҳо буданд, боздошт карданд. Сомонаи "Хроника Туркменистана" иттилоъ дод, ки рӯзи 18 феврал ҳудуди 120 мошин ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ интиқол дода шудааст, ки ронандагонашон занон буданд. "Ин амалкарди пулис ба он равона шудааст, ки занҳо аз рондани мошин даст кашанд", - менависад сомона.