Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона бо Умон дар Масқат
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар субҳи сешанбеи 11-уми декабр барои баргузор намудани ду бозии дӯстона бо тими миллии Умон ба шаҳри Масқат расид.