"Ҷумҳурии Мақдунияи Шимолӣ" ба ҷои Югословияи собиқ
Вазирони умури хориҷии Мақдуния (Македония) ва Юнон дар мавриди тағйири номи ҷумҳурии Югословаияи собиқ ба созиш расиданд. Тавофуқнома рӯзи 17-уми июн аз тарафи Никола Димитров, вазири умури хориҷии Мақдуния ва Никос Котзиас, вазири умури хориҷии Юнон имзо шуд.
Нахуствазирони ду кишвар низ дар маросими имзои ин тавофуқнома ҳузур доштанд.
Бар асоси созиши ҳосилшуда, пас аз 27 соли низоъ байни ду кишвар, Мақдуния ба номи “Ҷумҳурии Мақдунияи Шимолӣ” табдили ном хоҳад кард.
Ин тавофуқнома бояд аз тарафи порлумони Мақдуния ва Юнон ҳам тасвиб шавад.