Бонки Амрико бахши умдаи евробондҳои Тоҷикистонро харид
Бино ба гузоришҳо, Тоҷикистон бастаи дуввуми евробондҳои давлатиро бо маблағи ба 500 миллион доллар ба фурӯш гузоштааст. Як манбаъ дар вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 23-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бахши аъзами ин коғазҳои қимматнокро бунёди сармоягузории Меррил Линч, яке аз бунёдҳои маъруф дар Амрико харидааст.