Номи шаҳри Қӯрғонтеппа иваз карда шуд
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 20-уми январ номи Қӯрғонтеппа -- маркази вилояти Хатлон ва яке аз бузургтарин шаҳрҳои кишвар, тағйир дода шуд. Бар пояи ин қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 22-юми январ нашр ва барои баррасӣ ба Маҷлиси Миллӣ ирсол шудааст, шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар табдили ном кард. Ҳамчунин бар пояи ин қарор, номи шаҳри Сарбанд воқеъ дар канораҳои Қӯрғонтеппа, ба Леваканд иваз карда шуд.
Ҳамин тариқ ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди ҳамин ноҳия ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Зарриндашт иваз карда шуданд.