"Ҳалол" ё "ҳаром"? Ҳакамон барои ғалатдоварӣ муҷозот мешаванд
Дар толору майдонҳои варзиш гоҳҳо на пирӯзии варзишгарон, балки ноҳақ ҳукм кардани доварон мухлисонро ба шӯр меорад. Ин гуна саҳнаҳо дар Тоҷикистон бештар дар бозии футбол ва мусобиқаи гуштӣ мушоҳида мешавад.