Соли 2017 дар Қирғизистон 12 нафар барои тағйири ҷинс дар санадҳо муроҷиат карданд
Дар Қирғизистон соли 2017 - 12 нафари табдили ҷинскарда ба Хадамоти давлатии бақайдгирӣ барои гирифтани санади нав муроҷиат кардаанд. Дар ин бора рӯзи 18 январ ба бахши Қирғизии Радио Озодӣ дафтари матбуоти ин хадамот хабар додааст.
Ҳар муроҷиаткунанда барои тағйри ҷинсашон дар шиноснома ва дигар санадҳои расмӣ санадҳои тиббӣ пешкаш кардаанд. Дар сурати тағйири ҷинс, фамилияи онҳо ҳам ба занона ё мардона табдил дода мешавад. Хадамоти бақайдгирии давлатӣ гуфтааст, ки чунин таҳлил бори аввал сурат мегирад.
Эҳтимолан, бархе аз муроҷиаткардаҳо дар солҳои гузашта амалиёти тағйири ҷинсро гузаштаанд. Соли 2015 госпитали миллии шаҳри Бишкек хабар дод, ки дар Қирғизистон нахустин ҷарроҳии тағйири ҷинс анҷом шудааст. Он замон як марди 25-солаи шаҳрванди Узбакистон ҷинсашро ба зан иваз карда буд.